Суди ҳарбии Ҷумҳурии Демократии Конго (ҶДК) Президенти собиқи кишвар Жозеф Кабилоро дар ғайб ба қатл маҳкум кард. Дар ин бора хабаргузории ҷаҳонӣ хабар додаанд.
Кабилаи 54 – сола, ки дар маҷлиси додгоҳ дар пойтахти ҶДК шаҳри Киншас ҳузур надошт ва бо адвокат таъмин нашуда буд, дар ҷиноятҳои ҷангӣ, хиёнат ба давлат ва ҷиноятҳои зидди инсоният гунаҳкор дониста шуд. Ин парванда бо нақши эҳтимолии ӯ дар муноқишаи байни ҳукумати ҶДК ва гурӯҳи шӯришии “Ҳаракати 23 март” (M23), ки манфиатҳои ақаллияти этникии тутсиро намояндагӣ мекунад ва аз дастгирии низомиёни давлати Руандаи ҳамсоя бархурдор аст, алоқаманд мебошад.
Дар давраи аз январ то феврал шӯришиёни гурӯҳи М23 дар шарқи кишвар ҳамлаҳои васеъмиқёс анҷом дода, қаламравҳои васеъро дар тӯли марз бо Руанда аз артиши шикастхӯрдаи Конго забт карданд. Президенти кунунии ҶДК Феликс Чисекеди изҳор дошт, ки Кабила илҳомбахши ин гурӯҳ буд.



