Дар ҳошияи сафари расмӣ дар Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Аз ҷараёни рушди бемайлони тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстию ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла густариши робитаҳои созандаи байнипарламентӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд”, – хабар додааст сарчашмаи маълумот.
Блоки рекламавӣ



