Президенти Русия Владимир Путин, Дмитрий Козакро аз вазифаи муовини раиси дастгоҳи Президент озод кард. Фармони дахлдор дар сайти нашри расмии санадҳои ҳуқуқӣ пайдо шуд.
“Козак Дмитрий Николаевич аз вазифаи муовини роҳбари дастгоҳи Президенти Федератсияи Руссия озод карда шавад”, — гуфта мешавад дар фармон.
Козак ин вазифаро аз 24 январи соли 2020 ба уҳда дошт.
Дар охири моҳи август Владимир Путин фармони чораҳои оптимизатсияи сохтори маъмурияти Президентро имзо кард. Вай ду идораро барҳам дод: робитаҳои байниминтақавӣ ва фарҳангӣ бо хориҷа ва ҳамкории наздисарҳадӣ. Ба ҷои онҳо идораи шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ пайдо шуд.
Блоки рекламавӣ



