26 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд.
Иншооти нав аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои фаъолияти кормандон мутобиқ ба талабот шароит ба миён оварда шудааст.
Бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҳуҷраҳои корӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 40 нафар, ошхона ва ҳуҷраи бойгонӣ иборат аст.
Дар ҳамин рӯз ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат калиди манзилҳои нави истиқоматӣ супориданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдатро барои хизмати садоқатмандона ба нафъи давлату мардуми Тоҷикистон ва иҷрои сарбаландонаи масъулият вазифадор сохтанд. Зеро имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани амнияти миллӣ ва таъмини оромию осудагӣ аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати кишвар аст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави хизматӣ кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз шароити мусоид барои фаъолият ва истиқомат баҳравар гардиданд.
Ҳамзамон дар шафати бино иншооти ёрирасон сохта шуда, ҳудуди он чароғон гаштааст.

Президент дар шаҳри Ваҳдат бинои шуъбаи КДАМ – ро ифтитоҳ намуданд
Блоки рекламавӣ


