26 август дар идомаи боздиди корӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии рақами 4 ва 5 А шинос шуданд.
Дар майдончаи сохтмонии №5 А қубурҳои обкаши шахтаҳои обқабулкунакҳои доимӣ барои агрегатҳои неругоҳ омода карда мешаванд.
Корҳои асосии омодасозии қубурҳои обпарто барои иншооти муҳими гидроэнергетикии Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавии механикӣ»-и шаҳри Норак ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Тоҷикгидромонтаж иҷро менамоянд.
Ҳоло дар ин қитъаи сохтмонӣ корҳои кафшергариву омодасозии қубурҳо идома доранд. Ин қубурҳо дар обқабулкунаки агрегатҳои №3 ва №4 истифода мешаванд.
Дар майдончаи мазкур мутахассисони «Заводи таҷрибавию механикӣ»-и шаҳри Норак ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи Тоҷикгидромонтаж васли қубурҳои шахтаи обрасонӣ-турбинаи агрегати рақамҳои 3 ва 4-ро бо суръату сифати баланд ба роҳ мондаанд.
То имрӯз барои трубинаи обрасонии агрегати рақами 3 дар ҳаҷми 1945 тонна оҳанфулузоту қубурҳо омода гардида, аз ин 141,5 тонна васл шудааст.
Омодасозии трубинаҳои обрасонии агрегати 4-ро бошад, ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» ба зимма дошта, то имрӯз ба андозаи 1885 тонна оҳанфулузот кафшер карда шудааст. Аз ҳаҷми умумӣ 554,5 тонна оҳанфулузот васл гардидааст.
Теъдоди коргарон дар ин қитъаи сохтмонӣ аз ҳисоби ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ» 90 нафар дар ду баст мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ» тайи чанд моҳи охир дастгоҳу таҷҳизоти муосирро харидорӣ карда, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои кафшергарӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ дод.

Президент дар Роғун
Блоки рекламавӣ


