26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт дар ноҳияи Нуробод идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо лоиҳаи пули мошингузар шинос шуданд.
Иншоот аз лиҳози тарҳу услуб бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи ҷумҳурӣ буда, бо дарозии 920 метр ва паҳноии 15 метр сохта мешавад.
Лоиҳа давоми 4 соли оянда татбиқ шуда, иҷрои он натанҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили дарёи Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Бунёди пули мазкур дар заминаи татбиқи марҳилаи сеюми Лоиҳаи роҳи Оби гарм – Нуробод ҷавобгӯ бо талаботи байналмилалии роҳсозӣ сурат мегирад.
Барои асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва омӯзиши намунаи сохтмони пули мошингузар, муҳандисони ватанӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 75 километр роҳҳои маҳаллии мумфаршшудаи деҳоти шаҳри Роғун ва ноҳияи Нурободро фосилавӣ ба истифода доданд.
Ин роҳҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи масири Оби гарм – Нуробод таъмиру навсозӣ шуда, ҷамоатҳои Муҷихарф, Меҳробод, Сафедчашма ва Оби меҳнати ноҳияи Нуробод ва ҷамоати Обигарми шаҳри Роғунро ба шоҳроҳи асосӣ мепайванданд.
Дар асоси дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин лоиҳа то моҳи ноябри соли 2027 бояд пурра татбиқ карда шавад. Пули мошингузар дар оянда натанҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили обанбори Роғун дар маҷрои рӯди Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Презиенти кишвар хабар доданд.

Президент дар ноҳияи Нуробод
Блоки рекламавӣ


