15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон ва мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли таҳаввулоти мусбати солҳои охир дар ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, тамосу мулоқоти пайвастаро омили муҳими таконбахши рушди равобит ҳисобиданд.
Ҷонибҳо вазъи кунунии мураккаб ва ноустувори минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони исломро муҳокима намуда, андешидани тадбирҳои муассири якҷояро барои нигаҳдории эътидол ва осоиши саросарӣ зарур донистанд.
Аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш сурат гирифта, ҳаллу фасли низои Фаластину Исроилро дар асоси усули “ду давлат барои ду мардум” дар назар дорад, истиқбол гардид.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон роҳи ҳалли ҳамаи буҳрону низоъҳоро дар минтақа ва ҷаҳон, қабл аз ҳама, дар музокироту муколама меҳисобад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь