11 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гуруҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.
Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Ҷитсзюн, Иттиҳоди Аврупо Радослав Дарски, Подшоҳии Дания Йеспер Вар, Ҷумҳурии Юнон хонум Екатерини Ксагорари, Ҷумҳурии Эстония Яаап Ора, Гурҷистон Давид Котария, Подшоҳии Ҳошимии Урдун Ҳамза ал Умарӣ, Буркина Фасо Аристид Рапугдондба Людовик, Ҷумҳурии Аргентина Себастян Саюс ва Ҷумҳурии Доминикан Алехандро Ариас Сарсуэла эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь