Президенти Тоҷикистон ҳалли масъалаи марз бо Қирғизистонро “дастоварди таърихӣ” барои кишвар дар соли 2025 хонданд.
Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр дар паёми худ ба порлумон гуфтанд, муайян кардани хатти марз аз мушкилиҳое буд, ки давоми сад соли ахир идома дошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар паём ҳамчунин аз имзои созиш миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии марзи се кишвар ёд карданд.
Президент гуфтанд, ки ин санад барои рушди минтақа ва “дӯстии абадӣ” заминаи ҳуқуқиро фароҳам кард.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин ҷангу муноқиша дар марз моҳи марти имсол бар сари хатти он ба созиш расиданд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.

Президент: Ҳалли масъалаи марз “дастоварди таърихӣ” аст
Блоки рекламавӣ


