“Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳамдамзода А.Ш. нишон дод, ки номбурда вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав ба ҳисоб рафта, аз 15 майи соли 2023 то инҷониб дар мансаби муовини раиси ноҳияи Шаҳринав оид ба соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷинояти гирифтани пора зад” – хабар додааст маркази матбуоти оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва муборизаи зидди коррупсия .
Ҳамдамзода моҳи апрели соли 2025 зимни муроҷиати расмии шаҳрванд М.Б.П. оиди ҷудо кардани 118,85 га қитъаи замини чарогоҳ аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол ва Сабои ноҳияи Шаҳринав, ки номбурда вобаста ба мавқеи мансабиаш ҳамчун раиси комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳҳои ноҳияи Шаҳринав барои иҷрои амали мазкур мусоидат карда метавонист, барои иҷрои амали болозикр маблағи 20 000 сомониро ба сифати пора талаб кардааст.
Ҳамдамзода давоми моҳи майи соли 2025 дар ду ҳолат аз шаҳрванд М.Б.П. маблағи 20000 сомониро ба сифати пора гирифта, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.
“Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳамдамзода А.Ш. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд” – хабар медиҳад маркази матбуоти Оҷонсӣ.

Порагирии муовини раиси ноҳияи Шаҳринав
Блоки рекламавӣ