Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Сайфиддинзода А.Ғ. то моҳи декабри соли 2024 дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти сӯиистифода аз ваколати мансабӣ зад.
Чунончи, аввалҳои моҳи июни соли 2024 Сайфиддинзода А.Ғ. ҳамчун шахси мансабдор, қасдан ваколатҳои мансабӣ ва мавқеи қудратии худро хилофи манфиатҳои хизматӣ истифода намуда, барои пуштибонӣ аз пешбарӣ намудани номзадии шаҳрванд Ҷ.Б. ҷиҳати ба мансаби директори яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант таъин шуданаш аз охирин маблағи 10 000 сомонӣ дар утоқи кориаш талаб карда гирифт.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Сайфиддинзода А.Ғ. бо моддаи 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

Пора: Даҳ ҳазор сомонӣ!
Блоки рекламавӣ


