Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар асоси навори ирсолнамудаи як нафар шаҳрванд, Оев Бахтиёр сокини 21-солаи шаҳри Душанберо дастгир намуданд. Зимни кофтуков аз номбурда як адад корд ва 19-адад ҳабҳои мадҳушкунандаи наркологӣ, ба истилоҳ «Лирика» дарёфт кардид.
Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки гарчанде номбурда қаблан барои содир намудани ҷинояти авбошӣ суд шудааст, бар зами ин мунтазам ба истеъмоли воситаҳои гуногуни нашъадор машғул шуда, бо истифода аз корд тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекард.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Оев Б., протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори суд, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
Милитсияи пойтахт дар самти ошкор ва пешгирии истифодаи силоҳи сард, дар доираи амалиёти шартии «Корд», корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои санҷиширо пурзӯр намудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь