Мулоқоти Сафири махсуси Президенти ИМА Стив Уиткофф бо Президенти Руссия Владимир Путин дар Маскав пешбинӣ шудааст. Ҷаноби Уиткофф бояд ба Путин нақшаи тағйирёфтаи Амрикоро барои анҷоми ҷанг дар Украина пешниҳод кунад. Мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Русия мегӯяд, ки пас аз моҳҳои муноқиша шаҳри Покровскро пурра ишғол кардааст. Мақомоти Украина то ҳол вазъи Покровскро шарҳ надодаанд. BBC ин хабарро мустақилона тасдиқ карда наметавонад.
Покровск шаҳри марказии ҷанг дар шарқи Украина аст ва Руссия ба ин минтақа қувваи зиёд равон кардааст.
Як моҳ пеш Украина нерӯҳои махсуси худро барои ҳимояи шаҳр ба ин ҷабҳа фиристод, аммо баъд эълон кард, ки нерӯҳояш зери оташи Руссия қарор доранд.
РЕЙТЕР
Блоки рекламавӣ



