Дар Машқгоҳи таълимии «Фахробод»и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар гарнизони Хатлон бо иштироки қариб 100 нафар хизматчиёни ҳарбӣ машқҳои зиддитеррористии дуҷонибаи ҷузъу томи таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти унвони «Дӯстӣ-2025» баргузор шуданд. Дар ин маврид аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба ин машқҳо гурӯҳҳои таъйиноти махсус, ҷузъу томи ҳамлаовари десантӣ ва пиёданизом ҷалб гардида, роҳу усулҳои истифодаи силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро дар самти мубориза бар зидди терроризм намоиш доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь