Додгоҳи низомии Покистон раиси пешини Созмони истихборотии ин кишварро (ISI) бо чанд иттиҳом, аз ҷумла, мудохила дар сиёсат, ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Генерал Файз Ҳамид давраи маҳкумияташро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.
Ин ҳукм дар кишваре, ки артиши он беш аз се даҳа ба таври мустақим ҳукуматро дар ихтиёр доштааст, аз нодиртарин маҳкумиятҳо алайҳи як генерали бонуфуз ба шумор меравад.
Артиши Покистон рӯзи 11 декабр эълон кард, ки Файз Ҳамид пас аз “раванди тӯлонӣ ва душвор”, ба мудохила дар сиёсат, нақзи қонуни асрори расмӣ, сӯистифода аз манбаъҳои давлатӣ ва ворид кардани хисороти ғайриқонунӣ ба афрод, гунаҳкор шинохта шудааст.
Файз Ҳамид дар даврони нахуствазирии Имрон Хон, аз соли 2019 то 2021 раҳбарии ISI-ро бар ӯҳда дошт ва аз муттаҳидони наздики Имрон Хон ба шумор мерафт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь