Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар наздикии бинои додгоҳ дар пойтахти Покистон ҳадди аққал 12 нафар кушта шуданд
Дар натиҷаи таркиш, ки дар наздикии бинои Суди Олӣ дар пойтахти Покистон, – Исломобод рух дод, ҳадди аққал 12 нафар кушта ва зиёда аз 20 нафар захмӣ шуданд. “Ин ҳодиса ҳамлаи террористи худкуш номида шудааст”, – хабар додааст TRT бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Покистон.
Ба гуфтаи вазири и ВКД Моҳсин Накви, “ин бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар шаҳр, дар солҳои охир аст. Ҳамла дар минтақае рух дод, ки дар он муассисаҳои ҳукуматӣ мутамарказ шудаанд, ки боиси воҳима дар миёни мардум гардид.
Ба гуфтаи вазир, террористи худкуш дар наздикии мошини полис маводи таркандаро ба кор андохтааст. Дар айни замон, нерӯҳои интизомӣ кӯшиш мекунанд, ки ҷузъиёти ҳамларо муайян кунанд, аз ҷумла муайян созанд, ки ҳамлагар кист ва аз куҷо ба Исломобод омадааст.

Покистон: Дуводаҳ нафар кушта шуданд
Блоки рекламавӣ


