Cелу обхезиҳо дар Покистон киштзорҳо дар вилояти Панҷоб ва Синдро зери об ва миллионҳо нафарро овора намуданд. Танҳо дар шаҳри Ҷалолпур дар Панҷоб дар ин рӯзҳо 122 ҳазор нафарро ба ҷойи бехатар кӯчониданд. Зиёда аз 3900 деҳа зери об мондаанд ва ҳудуди беш аз ду миллион нафар хонаҳои худро тарк кардаанд.
Созмони Мудирияти Бӯҳрон дар Покистон эълом кард, ки аз оғози боронҳои мавсимӣ аз охири моҳи июн беш аз 900 нафар дар саросари кишвар ҳалок шуданд. Танҳо дар вилояти Панҷоб 61 нафар дар натиҷаи селу обхезиҳо ҷон додаанд. Мақомоти имдоду наҷот эълом карданд ки дар вилояти қабоилнишини Свот, пас аз туғёни рӯдхонаҳо ва наҳрҳо беш аз 2000 нафарро ба манотиқи амн кӯч додаанд.
Бозмондагони фалокат аз гармои сӯзону камбуди кумакҳои фаврӣ гила доранд. Бисёре дар хаймаҳо, ё канори роҳҳо бидуни ғизову имконоти кофӣ зиндагӣ мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, сабаби аслии селобҳо таркиби боришҳои мавсимии сахт бар асари тағйироти иқлим ва сар додани оби обанборҳо аст. Мақомоти Покистон, ки тақрибан ними аҳолии 255 миллион нафариаш дар Панҷоб зиндагӣ мекунанд, гуфтаанд, ки имсол ҳаҷми борандагӣ дар муқоиса ба соли гузашта 73 дарсад бештар мебошад.

Покистон: 900 нафар дар селу обхезӣ ҷон додаанд
Блоки рекламавӣ


