“Ҳакер” – ҳои тарафдори Эрон почтаи электронии директори ФБР-ро шикастанд. Онҳо аксҳоеро нашр карданд, ки дар он ӯ сигор мекашад ва дар оина чеҳраашро менигарад.
“Гурӯҳи ҳакерии Handala, ки аз Эрон ҷонибдорӣ мекунад, гуфт ба почтаи электронии шахсии директори ФБР Каша Патела дастрасӣ пайдо кардааст” – менависад Reuters.
Дар сомонаи худ ҳакерҳо як қатор аксҳои шахсии Пателро нашр карданд: ӯ сигор мекашад, мошини қиматбаҳо меронад ва дар назди оина рост истода, чеҳраашро тамошо мекунад.
Вазорати адлияи ИМА тасдиқ кард, ки почтаи электронии Пател ҳакерӣ шудааст ва “маводҳои нашршуда аслӣ ба назар мерасанд”.
Гурӯҳи Handala худро “гурӯҳи тарафдори Фаластин”меномад. Муҳаққиқони ғарбӣ ба ин назаранд, ки дар зери ин лавҳа воҳидҳои ҳукуматии киберҷинояткории Эрон фаъолият мекунанд.

Почтаи электронии директори ФБР-ро “рахна карданд”
Блоки рекламавӣ


