Масъуд Пизишкиён, Президенти Эрон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо Владимир Путин, Президенти Руссия мулоқоти чорсоата доштааст.
Нишасти СҲШ рӯзҳои 31 август ва 1 сентябр дар шаҳри Тянзини Чин баргузор гардид. Сарони кишварҳо рӯзи 3 сентябр дар паради низомӣ ба муносибати 80-умин солгарди поёни Ҷанги Дувуми Чаҳонӣ, ки дар Пекин доир шуд, ширкат намуданд.
Пизишкиён рӯзи 3 сентябр пас аз бозгашт аз Чин гуфт, ки дар ин мулоқот дар бораи масъалаҳои илмӣ, минтақаӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ дошт.
Тибқи гузориши хабаргузории Олмон, раҳбарони Эрон умедворанд, ки робитаҳо бо Русия ва Чин вобастагии Теҳрон ба Ғарбро кам карда, фурсатҳои навро барои ҳамкорӣ дар бахши дифоии ин кишвар боз мекунад.
Блоки рекламавӣ



