Дафтари матбуоти нахуствазири Покистон, рӯзи ҳаштуми апрел хабар дод, ки раҳбарони ду кишвар 45 дақиқа “гуфтугӯи гарму самимӣ” карданд.
Шаҳбоз Шариф пас аз тамоси телефонӣ дар шабакаи иҷтимоӣ навишт, ки “президент Пизишкиён иштироки Эронро дар музокироти оянда тасдиқ намуд ва аз талошҳои Покистон изҳори сипос кард”.
Ҳайатҳои ИМА ва Эронро барои рӯзи даҳуми апрел ба Исломобод даъват шудаанд, то “ҷиҳати дастёбӣ ба созиши ниҳоӣ барои ҳалли ҳамаи баҳсҳо суҳбати бештар анҷом диҳанд”.
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси парлумони ин кишвар ҳайати кишварро раҳбарӣ хоҳад кард.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар ин гуфтушунид эҳтимол Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти ИМА намояндагӣ намояд.
Ҷузъиёти мазкур ҳанӯз аз ҷониби ҳукуматҳои ИМА ё Эрон расман тасдиқ нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь