Масъуд Пизишкиён, Президенти Эрон, гуфтааст, “баъзе аз кишварҳо талошҳоеро барои миёнҷигарӣ шуруъ кардаанд”, вале аз ҳеч давлате ном нагирифтааст.
Вай рӯзи 6-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, “мо пойбанди сулҳи пойдор дар минтақа ҳастем, аммо дар дифоъ аз иззат ва иқтидори кишварамон сари сӯзане тардид надорем.”
Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла намуданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва баъзе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.
Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба Исроил ва чандин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки дар он пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд, ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод.
Блоки рекламавӣ



