Соҳаи синамо дар Тоҷикистон боз як қадами муҳим ба пеш гузошт. Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» имрӯз 10- уми декабр питчинг – рӯнамоии лоиҳаҳои нави синамоӣ баргузор гардид.
Ин чорабинӣ барои филмсозон ва алоқамандони соҳа имконият фароҳам овард, ки идеяҳои эҷодии худро муаррифӣ намоянд.
Толиб Гайбуллозода, муовини аввали директори МД «Тоҷикфилм», баен кард, ки чунин рӯнамоӣ бо ҳадафи рушди истеҳсоли филмҳои гуногунжанр, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонони эҷодкор ба соҳаи синамо баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар «Тоҷикфилм» қариб ҳар моҳ чунин питчингҳо доир мегардад.
Дар чорчӯбаи чорабинӣ лоиҳаҳои филмҳои ҳунарии пурраметраж ва як филми филми мустанад ба таври айёнӣ (слайд–шоу) муаррифӣ шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь