Одам Қодирови 18-сола, писари Рамазон Қодиров, дабири Шӯрои амнияти миллии Чеченистон аст ва ҳамчунин раҳбарии Хадамоти амнияти падарашро бар ӯҳда дорад.
Мақомоти Чеченистон хабари садамаи сахт ва бистарӣ шудани Адам Қодировро тасдиқ ва рад накардаанд. Бар тибқи иттилои Flightradar24, шабона ҳавопаймои раҳбари Чеченистон ва ҳавопаймои муҷаҳҳаз бо васоили муолиҷаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар Маскав нишастаанд. Гузоришҳое ҳаст, ки Одам Қодиров дар шӯъбаи ҷарроҳии шифохонаи Боткини Маскав бистарӣ шудааст.
Рӯзи 16-уми январ гузориш расид, ки писари раҳбари Чеченистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст. Як манбаи “Кавказ.Реалии” гуфтааст, мошине, ки писари 18-солаи Қодиров худаш ронандаи он буд ва бо суръати бисёр баланд ҳаракат мекард, “ҳангоми ҳаракат аз роҳ баромада, ба як девор бархӯрд.” Дар натиҷаи як нафар ба ҳалокат расидааст ва чаҳор каси дигар, бо шумули худи Одам Қодиров захм бардоштаанд.
Пас аз садама Одам Қодировро ба шифохонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Грозний бурдаанд. Агарчӣ ба “Кавказ.Реалии” хабар додаанд, ки писари раҳбари Чеченистон ба ҳуш омадааст ва “вазъи ӯ боиси нигаронии табибон нест”, вале бо вуҷуди ин ӯро ба Маскав мебаранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь