Шоми 14-уми ноябр пайкари як кушташудаи дигари ҷанги Украинаро дар Тоҷикистон ба хок супурданд.
Нисориддин Хомӯшови 36-сола, писари Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раиси Шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи наздиконаш, эҳтимолан дар моҳи августи соли равон дар ҷабҳаи ҷанги Русия ба зидди Украина кушта шудааст.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ аз фаъолтарин узви Шӯрои уламои Тоҷикистон аст, ки пайваста дар масоили фиқҳӣ бо рӯзноманигорон суҳбат мекунад ва як чеҳраи шинохта дар кишвар аст.
Дӯстони ин хонавода ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки Нисориддин ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш чанд соли ахир дар Русия ҳамчун муҳоҷир мезист ва тақрибан се моҳ пеш довталабона бо имзои қарордод ба ҷанг дар Украина рафта, дар аввалин рӯзҳои ширкаташ дар ин ҷанг кушта шудааст.

Писари раиси бахши фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон дар Украина кушта шудааст
Блоки рекламавӣ


