Сайф-ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пештараи Либия, дар наздикии шаҳри Зинтон, дар ғарби ин кишвар кушта шуд. Вай 53 сол дошт.
Додситонии Либия гуфт, куштори Сайф-ул-Исломро тафтиш мекунад ва талош барои ёфтани гумонзадҳо идома дорад.
Дар изҳороти Додситонии Либия гуфта шудааст, ки писари Қаззофӣ аз зарби тир ҷон дод.
Вакили Сайф-ул-Ислом ба хабаргузории “Франс-Пресс” гуфт, эҳтимол ӯро “гурӯҳи чорнафарии номаълум” куштааст, ки “рӯзи сешанбе ба хонааш дар Зинтон ҳамла карда буд”.
Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либия, соли 2011 ва баъд аз сарнагунии ҳукуматаш, дар ҳоле ки фирорӣ шуда буд, ба дасти нерӯҳои инқилоб кушта шуд.
Пас аз он, писараш Сайф-ул-Исломро бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи шаҳрвандон дастгир ва ба қатл маҳкум карданд. Соли 2017 хабар расид, ки Қазоффии хурдӣ озод гардид.
Вай дар соли 2021 номзадии худро барои президентӣ дар Либия эълон кард, аммо интихобот ба таъхир афтод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь