22-юми июл дар Рӯзи ҷаҳонии бокс дар Душанбе «Шоми бокс» баргузор шуд.

Барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпӣ, муштзани номвари тоҷик Давлат Болтаев (7-0) дар раунди аввал Соломон Адебайро (14-1) нокаут карда, унвони чемпиони «IBA.PRO Intercontinental»-ро соҳиб шуд.

Ҳамчунин, дар ин шом муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов (11-0) бо қарори доварон бар Кристофер Муафо (11-2) ғолиб дониста шуд, ки бо ин ӯ унвони қаҳрамонии «IBA.PRO Intercontinental»-ро ҳимоя кард.

Акмал Убайдов (8-0) бо қарори якдилонаи  доварон бар Тайфур Алийев (3-1) аз Озарбойҷон пирӯзӣ ба даст овард. Некрӯз Салимов (2-0) бо қарори якдилонаи доварон бар Абдулазиз Абдупаттаев (3-1) аз Ӯзбекистон ғалаба кард. Дамир Муйбалихонов дар рақобати аввали касбӣ бо Гиоргӣ Капанадзе аз Гурҷистон мусовӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь