Дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Завраа”и Ироқ андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт.
Дар дақиқаи 4-уми бозӣ Иброҳим аз ҳайати “Ал-Завраа” ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 20-уми бозӣ Амирбек Ҷӯрабоев аз ҳайати “Истиқлол” ҳисобро баробар намуд.
Ҳамлагари нигерияигии дастаи “Истиқлол” Пол Камолафе дар дақиқаи 62-юм ба майдон омад ва Сиёваш Ҳақназариро иваз намуд. Дар дақиқаи 84-ум Камолафе аз паси головари Масрур Ғафуров истифода намуда, голи ғалабаовари “Истиқлол”-ро ба самар расонид.
Барои Камолафе ин аввалин гол дар ҳайати “Истиқлол” дар Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё маҳсуб мешавад.
Дар бозии дигари гурӯҳ “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар сафар бо ҳисоби 2 бар 1 “Гоа”-и Ҳиндустонро шикаст дод.
Ҳоло пас аз бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Наср” бо 9 имтиёз садрнишин аст. “Истиқлол” бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. “Ал-Завраа” бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 4-ум “Истиқлол” дар сафар рӯзи 5-уми ноябр бо “Ал-Завраа” ва “Ал-Наср” дар ҳамин рӯз дар хона бо “Гоа” бозӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь