Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самтҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ гардид.
Ба густариши муколамаи байнипарлумонӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардида, таъкид карда шуд, ки пешбурди пайгиронаи он ба муносибатҳои ду кишвар таъсири мусбат хоҳад расонид. Ҷадвали мулоқоту тамосҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва рафти омодагӣ ба ҳамоиши ИДМ ва вохӯрӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Федератсияи Русия” дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ маросими имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри бисту як баргузор гардид ва ин санад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд.



