26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Беморхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Бонки олмонии рушд бунёд шудааст.
Иншооти нав дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии соҳаи тиб сохта шуда, дар он барои табобату муолиҷаи кӯдакони гирифтори бемории сил шароити мусоиду муосир фароҳам оварда шудааст.
Блоки рекламавӣ



