22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ки дар майдони 3,3 гектар бунёд гардидааст, оғоз ёфт.
Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар маҷмуъ бо таҳкурсиаш 52 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Атрофи иншоот дар масоҳати 32 ҳазор метри мураббаъ сабзкорию гулкорӣ ва чароғон шуда, дар он наздики 600 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.
Нишони давлатӣ бошад, 22 метр баландӣ дошта, таҳкурсии он бо санги мармар оро ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь