25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Зимни сафар дар маҷмуъ наздики 60 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони 7 иншооти дигар оғоз бахшида мешавад. Танҳо дар соҳаи маориф 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 13700 хонанда дар ду баст ва 10 муассисаи томактабӣ барои 1500 кӯдак мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин, 8 корхонаи саноатӣ бо наздики 600 ҷойи корӣ ифтитоҳ меёбад. Ғайр аз ин, давоми соли равон бо саҳмгузории соҳибкорон ва мардуми саховатпеша дар ҳудуди вилоят 546 километр роҳ навсозӣ гардидааст.
Боздиди кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо ифтитоҳи Корхонаи Шири Ҷайҳун оғоз ёфт.
Дар ин корхонаи нави саноатӣ, ки дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Комбинати шири Душанбе бунёд гардидааст, истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шуда, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин гардидааст.
Корхона дорои ду сардхона барои нигоҳдории маҳсулот ва воситаи нақлиёти махсус барои ба нуқтаҳои фурӯш дастрас намудани маҳсулот мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Шири Ҷайҳун 35 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, 15 каси дигар бо ҷамъоварии шир аз аҳолӣ ва дигар корҳои ёрирасон машғуланд, дар маҷмуъ 50 кас бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Иқтидори истеҳсолии Шири Ҷайҳун дар як шабонарӯз 10 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баландро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти хоми корхона аз аҳолӣ дастрас мегардад ва бо ин мақсад 3 воситаи нақлиёт ҷудо гардида, дар 4 деҳоти ноҳияи Ҷайҳун нуқтаҳо барои ҷамъоварии шир ташкил карда шудааст. Маҳсулоти дастрасшуда ба корхона дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, қабл аз коркард мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

Пешвои миллат дар ноҳияи Ҷайҳун
Блоки рекламавӣ


