18 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Бояд таъкид кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ иштирок менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь