30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ ва такрорӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 10 ҳазору 214 гектар расонидаанд. Бартарӣ ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладонагӣ, лубиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими ноҳия барои кишту парвариши онҳо бештар мусоид мебошад, дода шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 7 ҳазору 116 тонна картошка, 7 ҳазору 39 тонна ғалладонагӣ, 7 ҳазору 646 тонна меваҷот, 6 ҳазору 97 тонна сабзавот, 155 тонна ангур, 9 тонна полезӣ, 10 ҳазору 755 тонна шир, 2 ҳазору 156 тонна гӯшт, 53 тонна асал, 2,8 тонна моҳӣ ва 48 миллиону 375 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь