Тибқи таҳлилҳо, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба 4 миллион нафар мерасад. Бинобар ин зарур аст, ки барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ гардонидани низоми таҳсил ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла омодагӣ барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ карда шавад. Дар ин хусус имрӯз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози назар намуданд.
Сарвари давлат дар ин самт Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки вазъи амалишавии «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030» – ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, тибқи ҳадафҳои нав такмил диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани соҳаи маорифи Тоҷикистон соли 2004 гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба низоми кредитии таҳсил оғоз гардид. Соли 2014 ҳама муассисаҳо ба ин низом гузаронида шуданд. Аз ин рӯ вақти он расидааст, ки бурду бохти ин низом аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардад.
Роҳбари давлат ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар муддати ду моҳ доир ба ин масъала ба Дастгоҳи иҷроияи Президент маълумоти муфассал пешниҳод намоянд. Ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, барои боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.
«Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносӣ вобаста аст», – баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».

Пешвои миллат: Барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ шавад
Блоки рекламавӣ


