“Дар Перу дар ҷараёни эътирозҳои оммавӣ тақрибан сад нафар, аз ҷумла 80 команди пулис ва даҳ рӯзноманигор осеб диданд. Як нафар кушта шуд”, – навиштааст Ассошиэйтед Пресс
Додситонии кишвар гуфтааст, ки тафтиши марги як эътирозгари 32-соларо оғоз кардааст. Ба гуфтаи ин мақомот, ӯ кушта шудааст.
Эътирозҳо дар Перу як моҳ пеш бо талаби баланд бардоштани нафақа ва музди меҳнати ҷавонон оғоз ёфт. Баъдтар эътирозҳо бо нишон додани “норозигии Перу, ки аз ҷинояткорӣ, фасод ва даҳсолаҳои ноумедӣ аз ҳукумати худ хаста шудаанд” – зиёд шуд менависад AP.
10 октябр Президенти нави Перу Хосе Хери интихоб шудю Ин ҳафтумин Президенти кишвар дар камтар аз даҳ сол аст. Пас аз савганд ёд кардан, эътирозгарон аз ӯ истеъфо талаб карданд. Хери аз истеъфо рафтан сарпечӣ карда, изҳор дошт, ки”вазифаи ӯ нигоҳ доштани субот дар кишвар аст”.

Перу: Инқилоби нав дар мекӯбад?
Блоки рекламавӣ


