“Пентагон аз кохи Сафед хоҳиш кард, ки муроҷиатро ба конгресси ИМА бо дархости беш аз 200 миллиард доллар барои маблағгузории ҷанг бо Эрон тасдиқ кунад” – хабар медиҳад The Washington Post бо истинод ба намояндаи баландпояи маъмурият.
Ба гуфтаи се ҳамсӯҳбати рӯзнома, ин рақам аз маблағи барои маъракаи ҳарбӣ сарфшуда хеле зиёдтар аст. Тахмин меравад, ки пул ба афзоиши фаврии истеҳсоли силоҳҳои калидии дар зарбаҳои Эрон сарфшуда, равона карда мешавад. Баъзе мансабдорони кохи Сафед боварӣ доранд, ки “дархости Пентагон имкони воқеии тасдиқ надорад”,- мегӯяд як манбаъ ба WP. Бисёре аз демократҳо дар конгресс зидди ин ташаббус хоҳанд буд.
Мусоҳибони рӯзнома қайд мекунанд, ки дар ду ҳафтаи охир Пентагон чанд вариантҳои гуногуни дархостҳои маблағгузориро пешниҳод кардааст. Маълум нест, ки вазорат дар ниҳоят аз конгресс чӣ қадар маблағ талаб мекунад.
Тибқи баъзе гузоришҳо, хароҷоти ҷанг дар Эрон танҳо дар ҳафтаи аввал аз 11 миллиард доллар гузашт. Financial Times навиштааст, ки маъмурияти Трамп аз оғози ҷанг бо Эрон захираҳои муҳими аслиҳа, аз ҷумла мушакҳои дурпарвози “Томагавк” – ро сарф кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь