Дар боғи миллии Қазоқистон кормандоне, ки ба оббозии Дуров дар кӯл иҷоза додаанд ҷазо мегиранд.
Боғи миллии “Колсай” дар Қазоқистон пас аз нашри навори видеоии ҳаммуассиси Telegram Павел Дуров, ки дар кӯл оббозӣ мекард, тафтиши хидматӣ оғоз кард. Дар ин бора дар саҳифаи расмии боғи миллӣ дар Instagram гуфта шудааст.
Маъмурияти боғ таъкид карда, ки оббозӣ дар кӯлҳои Колсай “мувофиқи шиносномаи хатсайри сайеҳӣ қатъиян манъ мебошад”. Нисбати кормандоне, ки ба оббозӣ иҷозат додаанд, чораҳои интизомӣ андешида мешаванд. Онҳо барои “назорати нодурусти қитъаи таъиншуда” ҷазо дода мешаванд.
Дуров ҳафтаи гузашта барои иштирок дар форуми Digital Bridge ба Қазоқистон ташриф овард ва дар бораи кушодани озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар Остона эълон кард. . Ин ҳафта Дуров дар Telegram-и худ видеои оббозиаш дар кӯли боғи миллиро нашр кард. Дар кадрҳо лаҳзае ҳаст, ки Дуров ба кӯли Колсай ишора карда, шарҳ навиштааст: “Ин оббозии хубе буд”.
Кӯлҳои Колсай аз се обанбор иборат буда дар як ҷои зебо дар наздикии марзи Қазоқистон ва Қирғизистон аст. Онҳо дар ҳудуди боғи давлатӣ ҷойгиранд. Барои вайрон кардани тартиби будубоши шахсони воқеӣ дар намудҳои алоҳидаи минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, тибқи қонунҳои Қазоқистон 36 доллар ҷарима нишон дода шудааст. Маъмурияти боғ хабар додааст, ки онҳо қасди ҷарима кардани Дуровро надоранд, зеро лаҳзаи қонунвайронкунии вайро надидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь