Ширкати ҳавопаймоии “Сомон – Эйр” аз оғози парвозҳо ба Дубай хабар пахш кард. Ин ширкат рӯзи 9 март бо нашри як эълон гуфт, ки рӯзҳои 11, 13 ва 15 март дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвозҳо сурат мегиранд.
Парвозҳо бо нишасту парвоз дар фурудгоҳи байналмиллалии Al Maktoum International Airport дар нақша ҳастанд.
“Сомон Эйр” 3-юми март эълон карда буд, ки “ба сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар истифодаи ҳаримӣ ҳавоӣ”, парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва Дубай муваққатан манъ карда мешавад.
Дар пайи он, мақомот аз роҳандозии парвозҳои чартерӣ барои овардани тоҷикистониҳое, ки дар кишварҳои арабӣ банд мондаанд, хабар пахш карданд.
Ширкати “Сомон Эйр” вазифадор шуд, ки бо анҷоми парвозҳои махсус шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро аз Иморпти Муттаҳидаи Араб ба кишвар биёрад.
Рӯзи 8-уми март ширкат 178 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо чунин хатт аз Дубай ба Душанбе оварда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь