21 августи соли 2025 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Точикистон Го Жиҷун доир шуд.

Дар он ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкориро дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ дар самти Душанбе – Сиан ва Душанбе – Гуанҷоу, инчунин мукаммал намудани парвозҳоро дар масири Душанбе – Урумчӣ ва Душанбе – Пекин баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл байни шаҳрҳои Душанбе-Пекин ва Қошғар –Хуҷанд парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь