Парвозҳои мустақим дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад оғоз шуд. Парвозҳо дар ин хатсайр аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Раймон Эйрлайнз» ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом мегиранд.
Бояд иброз намуд, ки дар доираи татбиқи сиёсати «Осмони кушод», ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, барои тамоми намуди хизматрасониҳо, фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба андозаи 40 фоиз тахфиф пешбинӣ шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки то ин муддат байни ду мамлакат аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкати ҳавопаймоии «Вориш Эйрлайнз» парвозҳоро анҷом медоданд.
Аз 28 ноябри соли 2025 оғози парвозҳои чартерии ширкати ҳавопаймоии «Киш Эйрлайнз» дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш дар нақша ҳаст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь