Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он муноқишаи ду гурӯҳ инъикос ёфтааст. Зимнан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дархост намуданд, ки нисбати ҳодисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Дар натиҷаи таҳқиқи навор ашхоси дар навор инъикосёфта муайян ва ба Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар дастрас карда шуданд. Инҳо:
Турдиева Манзура Рустамовна соли таваллудаш 21.07.1983 сол сокини шаҳри Бохтар;
Турдиев Ҷамшед Рамазонов соли таваллудаш 19.02.2003 сокини ш.Бохтар;
Ноболиғ Сафарзода Фаридун Файзалӣ соли таваллудаш 20.11.2008, сокини шаҳри Бохтар, хонандаи синфи 11 “Г” МТМУ 6 шаҳри Бохтар.
Дар натиҷаи таҳқиқи ҳодиса муайян карда шуд, ки шаҳрванд Турдиева Манзура бо писаронаш Турдиев Ҷамшед ва Сафарзода Фаридун дар кӯчаи назди манзили истиқоматиашон, ки ҷои ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад, бо як нафар зани 61 солаи сокини шаҳри Бохтар муноқиша намуда, номбурдаро мавриди дашному ҳақорат ва латукӯб қарор медиҳанд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои авбошонаи онҳо тартиботи ҷамъиятӣ дағалона вайрон гардида, осудаҳолии шаҳрвандон халалдор ва зани 61 сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Модару писар Турдиева Манзура ва Турдиев Ҷамшед ба ин қаноат накарда, як рӯз пас аз ҳодисаи болозикр ба манзили истиқоматии як нафар зани 53 сола, сокини дигари шаҳри Бохтар рафта номбурдаро дар назди манзилаш, ки гӯё муноқишаи рӯзи пешро ба навор гирифта тавассути Интернет паҳн намудааст, дашному ҳақорат карда, мавриди латукӯб қарор додаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати модару писар Турдиева Манзура ва Турдиев Ҷамшед тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Нисбати ноболиғ Сафарзода Фаридун бошад тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ ба расмият дароварда шуда, чораҳои профилактикӣ амалӣ карда шуд.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати модару писар
Блоки рекламавӣ


