“Баъди марги як тифл дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе нисбат ба панҷ кас парвандаи ҷиноӣ боз гардид” – гуфтанд Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Рӯзи 19-уми май дар кӯдакистони “Суолу ҷавоб” дар шаҳри Душанбе Судайси дусола ҳалок шуд. Навори ҷон кандани ин кӯдак, ки ба панҷараи рахти хоб овезон шуда буд, вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён оварда буд.

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфтанд, ба ҷуз ёвари мураббӣ, ки масъули нигоҳубини кӯдакон буд, мудири кӯдакистон, ду корманди бахши иҷозатномадиҳии Вазорати маориф ва пизишки бахши санитарӣ низ  ҷавобгар ҳастанд.

Намояндагони шуъбаи маориф ва пизишки масъул барои хунукназарӣ ҷавобгар ҳастанд.Парвандаи ин афрод чоруми август ба додгоҳ фиристода шудааст. Садоқат Ширинбекова, “Фараҳ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь