Вакилон барои пароканда кардани порлумон овоз доданд. Ҳамаи 84 вакил аз ин қарор пуштибонӣ карданд ва касе зид овоз надод. Қаблан Нурланбек Тургунбек, раиси парлумон гуфта буд, ки 32 вакил бо далелҳои асоснок пешниҳод карданд, ки Жогорку Кенеш пароканда шавад.
Интихоботи навбатии парлумонӣ дар Қирғизистон қарор буд моҳи ноябри соли 2026 ва интихоботи президентӣ январи 2027 баргузор гардад. Дар номаи вакилони қирғиз омадааст, Комиссияи марказии интихобот дар муддати кутоҳ наметавонад ду интихобот баргузор намояд.
Бар асоси қонуни қабулкардаи Парлумон, Президент бояд интихоботи пеш аз муҳлат таъйин намояд. Пешбинӣ мешавад, ки интихоботи ояндаи парлумонӣ дар Қирғизистон 30 ноябри имсол баргузор гардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь