Барои ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои нодири табиии мавзеъҳои водии Зарафшон, махсусан қаторкӯҳҳои Фон, кӯлҳои камназири Ҳафткӯл, Аловуддин 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон супориш доданд, ки вобаста ба эълон намудани ин минтақа ҳамчун «Парки табиии Зарафшон» пешниҳоду хулосаҳои худро дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кунанд.
Водии Зарафшон, қаторкӯҳҳои Фон, кӯлҳои камназири Ҳафткӯл, Аловуддин ва монанди инҳо макони истироҳату тамошои сайёҳон аст.
Бахши сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисод ба шумор рафта, имкон медиҳад, ки дар минтақаҳои дурдаст инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла роҳҳо, маҳалҳои зист ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ рушд кунанд. Рушди сайёҳии экологӣ ҳамчунин метавонад ба таъсиси ҷойи нави кор, ҳифзи табиат, мероси фарҳангӣ ва беҳтар гардидани обрӯ ва симои ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ шароит фароҳам орад.
Дар ин замина таъкид карда шуд, ки кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки барои таҳия ва тасдиқи харитаҳои роҳ ва хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои дорои аҳамияти экологӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.



