24 сентябр дар шаҳри Маскав вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алиханов доир шуд. Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаи таъсиси Парки саноатии муштарак дар шаҳри Душанберо мавриди таҳлил қарор доданд.
Завқӣ Завқизода гуфт, ки бо шарофати сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои дуҷониба босуръат рушд меёбад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси Парки саноатии муштарак дар шаҳри Душанбе, ҷалби ширкатҳои истеҳсолии Руссия ва таъсиси кластери саноати сабук тавассути ширкати «БТК» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь