Дар солҳои охир истифодаи нӯшокиҳои рӯҳафзо (энергетикҳо) миёни ҷавонон ва наврасон хеле маъмул гаштааст. Бисёриҳо онҳоро барои бартараф кардани хастагӣ, зиёд кардани қувва ва болидарӯҳӣ истифода мебаранд. Аммо на ҳама медонанд, ки истеъмоли ин гуна нӯшокиҳо метавонад ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонад.
Яке аз истеҳсолкунандагони нӯшокиҳои рӯҳафзо (энергетикӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ «Арк саноат» ба ҳисоб меравад, ки бо тамғаи «PANTERA» ин гуна нӯшокиҳоро истеҳсол ва ба фурӯш мебарорад. Дар асоси аудити инспексонии ғайринақшавии кормандони Агентии Тоҷикстандарт оид ба иҷрои талаботи СТ ҶТ 1098-2012 «Талабот оид ба истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳалол» дар ҶДММ «Арк саноат» муайян карда шуд, ки дар раванди истеҳсолоти корхона оддитарин қоидаҳои санитарӣ ва талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ риоя карда намешавад. Ҳамчунин, дар як раванди технологӣ ҳам истеҳсоли маҳсулоти ҳалол ва ҳам истеҳсоли нӯшокиҳои алкоголӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ин рӯ, тамғаи “Ҳалол”, ки ба маҳсулоти ин ширкат, яъне нӯшокиҳои рӯҳафзои «PANTERA» дода шуда буд, бекор гардид. Ҳамчунин, нисбат ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Агентии Тоҷикстандарт корбарӣ идома дорад.
Риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулот ин худ аз бесифат истеҳсол шудани номгӯи маҳсулот шаҳодат медиҳад. Гарчанде истеъмоли нӯшокиҳои рӯҳафзо маҳдуд бошад ҳам, вале аз тарафи ширкати истеҳсолкунанда раванди мазкур дар тамғакоғаз дарҷ нагардидааст.
Тамғаи ҳалол доштани маҳсулот маънии онро надорад, ки кӯдакону наврасон аз он васеъ истифода кунанд. Нӯшокиҳои рӯҳафзо барои одамони сину соли калон дар як рӯз як адад муайян карда шудааст, вале тавре мушоҳида мешавад кӯдакону наврасон аз он низ истифода менамоянд.
Вобаста ба ин, аз фурӯшандагон ва соҳибкорон қатъиян талаб карда мешавад, ки ба кӯдакону наврасон ин гуна нӯшокиҳои рӯҳафзоро нафурӯшанд. Тибқи талабот танҳо ба шахсони аз 18 сола боло фурӯши ин гуна маҳсулот иҷозат дода шудааст.
“Тоҷикстандарт”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь