Дастаи Тоҷикистон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025), ки маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибони 14 декабр баргузор гардид, 51 медал ба даст овард. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Аз ин шумора 14 медали тилло, 17 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ мебошад. Инчунин 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд. Ин дастовард далели равшани рушди маориф, дастгирии истеъдодҳо ва самаранокии сиёсати давлатии соҳаи илму маориф дар кишвар мебошад.
Дар ин олимпиада беш аз 1600 хонанда аз 13 кишвари Осиё иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд.
Дастоварди навбатии дастаи Тоҷикистон дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони кишвар қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намоянд.

Панҷоҳу як медал аз Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор дар Камбоҷа
Блоки рекламавӣ


