Таҷрибаи деҳқонони варзида собит намудааст, ки дар иқлими заминҳои водии шаҳри Панҷакент аз картошкаи барвақтӣ ҳосили фаровон гирифтан мумкин аст.
Дар заминаи ин таҷриба ва бо дастури мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр кишти барвақтии картошка оғоз шуда, ҳоло бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ рӯз ба рӯз вусъат меёбад.
Ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ёрӣ, Халифа Ҳасан, Лоиқ Шералӣ ва Саразм ҳашари шинонидани картошка идома дошта, дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Амондара ва Сӯҷина заминҳоро барои кишт омода менамоянд.
Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии “Хайрулло”-и деҳоти Ёрӣ пеш аз кишт ба заминҳо нурии маҳаллӣ рехта, бо ҷалби ҳашарчиён дар як рӯз дар майдони ду гектар картошка шинониданд.
Кишт рӯз ба рӯз вусъат меёбад ва дар маҷмӯъ имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент дар майдони ҳазор гектар шинонидани картошкаи барвақтӣ пешбинӣ карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь