Майдони Истиқлоли шаҳри Панҷакент, ки муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, бурҷи Нишону  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷо қад афрохтаанд, бо тарҳи зебо, дарахтони ҳамешасабз ва фаввораҳо ба ҷои дӯстдоштаи сайру гашти сокинону меҳмонон, баргузории  идҳои давлатию миллӣ табдил ёфтааст.

Ба рағми сардии ҳаво ва боридани барф ин ҷо бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, кормандони мақомоти шаҳрдорӣ ва хоҷагии манзилию комуналӣ ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор шуд.

Дар ин макони зебо бо тарҳи муайян даҳҳо бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва дар канори шоҳроҳи хиёбони Рӯдакии шаҳр садҳо бех гулҳои ба сармо тобовар шинонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь