“Дар доираи нақшаи амали ҳадафҳои Солҳои рушди саноат (2022-2026») дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар заминаи захираҳои азими кашфшудаи маъдан корхонаи истеҳсоли сурма бунёд карда мешавад” – гуфтанд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Ҳоло Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Канзи диёр» ба бунёди инфрасохтори корхонаи ояндаи саноати кӯҳӣ машғул аст. Бо ин мақсад аз деҳаи Оби борик то мавзеи Эҷам ба масофаи 14 километр роҳ кушода, қумпӯш карда шудааст.
Сохтмони ду шаҳрак барои кормандони муҳандисӣ-техникӣ ва коргарони коргоҳи оянда, ки дорои 300 ҷой мебошад, бо истифода аз масолеҳи ҳозиразамони бинокорӣ идома дошта, дар онҳо барои будубош ҳама шароити зарурӣ муҳайё мегардад.
Баробари ин ҳоло дар мавзеи Валанги дароз аз ҷониби мутахассисони ватанӣ ва шарикони рушд бозбинии захираҳои маъдани сурма, ки солҳои қаблӣ геологҳо кашф карда буданд, идома меёбад.
Баъди ба истифода додани ин коргоҳ дар он дар навбати аввал ташкили беш аз ҳазор ҷойи нави кор барои мутахассисон ва коргарон дар назар аст.

Панҷакент: Корхонаи истеҳсоли сурма бунёд мегардад
Блоки рекламавӣ


